Имрӯз, 10 ноябр дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и пойтахт ҷаласаи сеюми Комиссияи техникӣ оид ба рушди сайёҳии Тоҷикистону Эрон бо иштироки ҳайати баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Дилнозаи Абдумалик, дар ҳамоиш иштирокчиён масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва муносибатҳои дуҷониба, ҷустуҷӯи роҳҳои нави тавсеаи робитаҳо ва ба сатҳи сифатан нав баромадани ҳамкориҳо дар саоҳаи сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Зикр шуд, ки ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон аз умқи таърих сарчашма мегиранд. Ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандиҳои таърихии ногусастанӣ мебошанд.

Дар анҷоми кори ҳамоиш барои татбиқи ҳамкориҳои дуҷониба протоколи ҷаласаи сеюми Комисияи техникии муштарак ва Ёдошти тафоҳум байни ширкатҳои сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.